إعدادات العرض
Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ
Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ
Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Дар ситоиши ман зиёдаравӣ накунед, чунончи насоро дар ситоиши писари Марям зиёдаравӣ карданд, ман бандаи Аллоҳ ҳастам, бинобар ин бигӯед: фиристода ва бандаи Аллоҳ".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Hausa ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська bm km rn ka mkالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ифрот ва берун рафтан аз ҳадди шаръӣ дар мадҳ ва ситоиши худ ва васф намудани ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сифат ва амалҳое, ки хоси Аллоҳ Таъоло аст, ё гуфтани инки ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ғайбро медонад ва ё дар баробари Аллоҳ аз ӯ дуо хостан, чунончи масеҳиён бо Исо ибни Марям карданд, манъ намудааст. Сипас баён намуданд, ки ӯ бандае аз бандагони Аллоҳ аст ва амр фармуданд, ки ӯро банда ва фиристодаи Аллоҳ бигӯем.فوائد الحديث
Ҳушдор аз таҷовуз кардани ҳадди шаръӣ дар мадҳу ситоиш ва бузургдошт, зеро он яке аз авомил ба сӯи ширк аст.
Ончи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз он ҳушдор дода буд, дар миёни ин уммат иттифоқ афтодааст. Гурӯҳе дар мавриди шахсияти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), гурӯҳи дигаре дар мавриди аҳлу байти Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва гурӯҳе дар мавриди авлиё дучори зиёдаравӣ гардида гирифтори ширк шуданд.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) худро "бандаи Аллоҳ" васф намуда баён доштанд, ки ӯ касе аст, ки бандагӣ ба Парвардигорро дорад. Бинобар ин нисбат додани ҳеҷ яке аз хусусиятҳои Худованд ба ӯ ҷоиз нест.
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) худро "фиристодаи Аллоҳ" васф намуда баён намуданд, ки ӯ фиристодаи Худо ба сӯи башарият аст, бинобар ин тасдиқ ва пайравӣ аз ӯ воҷиб аст.
التصنيفات
Тавҳиди улуҳият