إعدادات العرض
Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст
Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст
Аз ибни Умар (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳар кӣ худро ба қавме монанд бисозад, аз зумраи онон аст".
[حسن] [رواه أبو داود وأحمد]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული Malagasy lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе худро ба қавме аз кофирон, фосиқон ва ё солеҳон монанд кунад - бо анҷом додани амале, ки аз назари эътиқод, ибодат ё расму ойин хоси онҳост - пас ӯ яке аз онҳост. Зеро ташбеҳ кардан дар зоҳир ба онҳо, ба монанди онҳо будан дар ботин аст. Шакке нест, ки тақлид аз як қавм аз ҳавас бармеояд ва метавонад боиси дӯст доштан ва ситоишу майл кардан ба онҳо шавад, ҳамон гуна, ки метавонад инсонро ҳатто дар ботин ва ҳам дар ибодат ба монанд шудан ба онҳо водор созад. - Худо аз он нигоҳ дорад -.فوائد الحديث
Огоҳӣ аз ташбеҳ ва тақлид аз кофирон ва фосиқон.
Ташвиқ ба тақлид аз солеҳон ва пайравӣ кардан аз онҳо.
Ташбеҳ дар зоҳир, муҷиби ба вуҷуд омадани муҳаббат дар ботин мегардад.
Инсон ба андозаи ҳамон тақлид ва чигунагии он мавриди гуноҳ ва азоб қарор мегирад.
Тақлид аз кофирон дар дин ва расму оини онҳо ҳаром аст, аммо ончи аз дин ва одатҳои онон нест, монанди: ҳунар омӯхтан ва ғайра мамнӯъ дониста намешавад.
التصنيفات
Мушобиҳат ва монандии ҳаром