Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда

Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда

Аз Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Осонгир бошед на сахтгир, муждадиҳанда бошед на мутанаффиркунанда".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба осонгирӣ ва сахтгир набудан дар ҳама корҳои динӣ ва дунявӣ бо мардум амр фармудаанд, яъне танҳо дар доираи ончи Аллоҳ Таъоло ва шаръ мубоҳ қарор додааст. Паёмбари Худо ташвиқ намудаанд, ки мардумро муждаи ба хайр диҳед на ононро мутанаффир созед.

فوائد الحديث

Вазифаи мӯъмин ин аст, ки Аллоҳи Мутаъолро назди мардум маҳбуб созад ва ононро ба кори хайр ташвиқ намояд.

Даъватгари ростин бояд оқилона бубинад, ки чигуна даъвати Исломро ба мардум мерасонад.

Мужда додани ба хайр сабаби ба вуҷӯд омадани хушҳолӣ, алоқамандӣ ва итминони мардум ба шахси даъватгар ва ончи ба онон пешниҳод мекунад, аст.

Аммо сахтгирӣ сабаби танаффур, гурез ва эҷоди шак миёни мардум нисбат ба суханони даъватгар мегардад.

Вусъати раҳмати Худованд, ки бар бандагонаш дини тасомуҳ ва шариати осонро писандидааст.

Осонгирӣ, ки дар ҳадиси мазкур ба он тавсия шудааст, ҳамон аст, ки машрӯъият дорад.

التصنيفات

Ахлоқи писандида