إعدادات العرض
Ҳар касе, ки аз номи ман ҳадисе ривоят кунад, дар ҳолате ки гумон меравад он дурӯғ бошад, пас ӯ яке аз ду дурӯғгӯ аст
Ҳар касе, ки аз номи ман ҳадисе ривоят кунад, дар ҳолате ки гумон меравад он дурӯғ бошад, пас ӯ яке аз ду дурӯғгӯ аст
Аз Самура ибни Ҷундуб ва Муғира ибни Шуъба (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфтанд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар касе, ки аз номи ман ҳадисе ривоят кунад, дар ҳолате ки гумон меравад он дурӯғ бошад, пас ӯ яке аз ду дурӯғгӯ аст."
[Саҳеҳ] [رواه مسلم في مقدمته]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල অসমীয়া Kiswahili Tiếng Việt ગુજરાતી Nederlands پښتو नेपाली മലയാളം Кыргызча Română Svenska Српски తెలుగు ქართული Moore Magyar Македонски Čeština Українська Azərbaycan Wolof Kinyarwanda Malagasy ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ ភាសាខ្មែរ Lietuvių Deutsch ಕನ್ನಡ Oromoo Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар медиҳад, ки ҳар кас аз номи ӯ ҳадисе ривоят кунад, дар ҳоле ки медонад ё гумон мекунад, ё бештари эҳтимол медиҳад, ки он ҳадис дурӯғ аст, он шахс дар дурӯғ бо он касе, ки ин ҳадисро сохтааст, шарик мебошад.فوائد الحديث
Ҳангоми ривоят кардани ҳадисҳо аз Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бояд санҷиш ва боварии комил ба саҳеҳ будани он вуҷуд дошта бошад.
Сифати дурӯғгӯӣ ҳам ба касе дода мешавад, ки худ дурӯғеро ихтироъ мекунад, ҳам ба касе, ки онро паҳн ва ба дигарон нақл мекунад.
Ривоят кардани ҳадиси сохта барои касе, ки медонад он сохта аст ё гумони ғолиб дорад, ки сохта аст, ҳаром аст, магар бо мақсади ҳушдор додан аз он.
