Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо

Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо

Аз Убода ибни Сомит (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар шунидану фармонбардорӣ кардан дар сахтиву осонӣ, тангию нохушӣ ва бо вуҷуди тарҷеҳи дигарон бар мо, байъат кардем ва ин ки дар бораи амр (ҳукмронӣ) бо аҳли он даргир нашавем ва ин ки ҳарҷо бошем ҳақро бигӯем ва дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши сарзанишгар натарсем.

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз саҳобагон аҳду паймон гирифт, ки дар осонӣ ва сахтӣ ва дар сарватмандӣ ва фақр ба амри валиамр ва ҳокимон амал кунанд. Чи ин авомир хостаи нафс бошанд ё чизе бошад, ки нафс онро хӯш намедорад, ҳатто агар ҳоким амволи умумӣ ё мансабҳо ва ғайри онро қабза кунад (баъзеҳоро аз он бидиҳанд ва баъзеҳоро надиҳанд) боз бояд дар корҳои хуб амри ононро шунид ва итоат кард ва набояд бар зидди онон шӯриш кард. Зеро фитна ва фасоде, ки дар ҷангидан бо онон аст, шадидтар аз фасоде аст, ки бо зулми онон ҳосил мешавад. Ва аз ҷумлаи чизҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз онон паймон гирифт ин аст, ки ҳақро ҳарҷо, ки бошанд бигӯянд ва онро холисона барои Аллоҳ бигӯянд ва аз сарзаниши сарзанишгар натарсанд.

فوائد الحديث

Самараи самъу тоат аз ҳокимон, иттиҳоди калимаи мусалмонон ва дурӣ аз тафриқа аст.

Самъу тоат аз ҳокимон дар умури ғайри маъсияти Аллоҳ, дар осонӣ ва душворӣ ва хушию нохушӣ ва бо вуҷуди табъизе, ки аз онон рӯй медиҳад, воҷиб аст.

Гуфтани сухани ҳақ ҳарҷо, ки бошем воҷиб аст, бидуни ин ки дар роҳи Аллоҳ аз сарзаниши касе битарсем.

التصنيفات

Сиёсати шаръӣ, Хуруҷ бар имом (ҳоким)