إعدادات العرض
Ҳаргоҳ ба қазои ҳоҷат рафтед на рӯ ба қибла кунед на пушт ба қибла, балки рӯ ба тарафи шарқ ва ғарб кунед
Ҳаргоҳ ба қазои ҳоҷат рафтед на рӯ ба қибла кунед на пушт ба қибла, балки рӯ ба тарафи шарқ ва ғарб кунед
Аз Абуаюби Ансорӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаргоҳ ба қазои ҳоҷат рафтед на рӯ ба қибла кунед на пушт ба қибла, балки рӯ ба тарафи шарқ ва ғарб кунед". Абуаюб гуфт: Чун ба Шом рафтем ҳоҷатхонаҳое дидем, ки рӯ ба қибла сохта шуда буданд ва чун вориди он мешудем худро аз тарафи қибла ба дигар тараф рӯй гардонда аз Аллоҳ Таъоло талаби мағфират мекардем.
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली മലയാളം Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Українська Čeština Magyar Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) касеро, ки қасди қазои ҳоҷат дорад наҳй кардааст, ки ҳангоми қазои ҳоҷат рӯ ё пушт ба қибла ва тарафи Каъба кунад, балки агар қиблааш монанди қиблаи аҳли Мадина бошад, рӯ ба тарафи шарқ ё ғарб кунад. Сипас Абуаюб (разияллоҳу анҳу) нақл кард, ки вақте онҳо ба Шом рафтанд дар онҷо ҳоҷатхонаҳоеро диданд, ки барои қазои ҳоҷат, рӯ ба сӯи Каъба сохта шуда буданд. Бинобар ин онҳо баданҳояшонро дар ҳоли қазои ҳоҷат аз самти қибла ба дигар тараф мегардонданд ва бо ин ҳол аз Аллоҳ талаби мағфират мекарданд.فوائد الحديث
Ҳикмат дар ин кор эҳтиром ва таъзими Каъбаи муқаддас аст.
Талаби мағфират кардан баъд аз баромадан аз ҳоҷатхона.
Таълимотаи неки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам). Зеро вақте мамнуъро зикр карданд, дар баробари он ба ҷоиз ишора намуданд.
