إعدادات العرض
Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад
Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Ҳамаи уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касе саркашӣ кунад". Гуфтанд: Эй Расули Худо чи касе саркашӣ мекунад? Гуфт: "Ҳар касе аз ман итоат кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе нофармонӣ кунад саркашӣ кардааст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Malagasy Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული bm lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳама уммати ӯ вориди биҳишт мешаванд, магар касе, ки худдорӣ кунад! Саҳобагон (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфтанд: чи касе аз ворид шудан худдорӣ мекунад? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: ҳар касе таслим шавад ва аз Паёмбар пайравӣ кунад, вориди биҳишт мешавад ва ҳар касе саркашӣ кунад ва ба қонунҳои шариат таслим нашавад, бо сабаби корҳои бадаш аз ворид шудан ба биҳишт худдорӣ варзидааст.فوائد الحديث
Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) итоат аз Аллоҳ аст ва сарпечӣ аз итоати ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) маъсият ва сарпечӣ аз итоати Аллоҳ аст.
Итоат аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) муҷиби ворид шудан ба биҳишт ва сарпечӣ кардан аз ӯ муҷиби ворид шудан ба дӯзах аст.
Мужда барои фармонбардорони ин уммат, ки ҳамагон вориди биҳишт мешаванд, магар касе ки аз Худо ва паёмбараш нофармонӣ кунад.
Шафқат ва меҳрубонии Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар уммати худ ва иштиёқи ӯ барои ҳидояти онон.