إعدادات العرض
Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст
Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст
Аз Хавлаи Ансорӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам ки мегуфт: "Мардоне ҳастанд, ки ба ноҳақ ба моли Худо даст мезананд, пас барои онҳо рӯзи қиёмат оташи ҷаҳаннам аст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල Hausa ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Malagasy Български Українська Azərbaycan ქართული Lingala bm Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз ҳоли касоне хабар додааст, ки моли мусалмононро ба ноҳақ мегиранд ва зери тасарруфи худ меоранд, яъне аз роҳи ғайри ҳалол ва нораво онро ҷамъ меорад ва онро дар ҷои худ сарф намекунад, ба монанди моли ятимон, амволи вақф, хиёнат дар амонат ва гирифтани мол аз буҷаи умумӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки подоши онон дар рӯзи қиёмат оташи дӯзах аст.فوائد الحديث
Моле, ки ба дасти мардумон аст, моли Ӯ Таъоло аст, ки миёни онҳо вогузоштааст то онро дар роҳи дуруст ва машрӯъ сарф намоянд ва аз тасарруфи ноҷо ва ботил худдорӣ кунанд, чи он мол ба дасти ҳоким бошад ва ё оммаи аз мардум.
Шариат дар мавриди моли умумӣ бисёр сахтгир аст ва ҳар кӣ масъулияти чизе аз онро бар дӯш дорад, дар қиёмат аз чигуна ба даст овардан ва дар чи мавориде сарф кардани он посух хоҳад гуфт.
Ин таҳдиди шариат шомили касоне аст, ки моли худ ё моли дигаронро дар роҳи нодуруст сарф менамоянд.