إعدادات العرض
ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам
ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам
Аз Анас ибни Молик, (Худованд аз ӯ рози бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Мо бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста будем ва марде савори шутур ба масҷид даромада шутури худро дар ҷое баст ва рӯй ба мардум овард ва гуфт: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар, ки онҷо такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпуст, ки инҷо такя задааст Муҳаммад аст. Мард гуфт: Эй писари Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Шуморо мешунавам". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва дар пурсишҳоям сахтгир ҳастам ва аз ман малол набошед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Дар ҳар маврид, ки мехоҳӣ бипурс". Гуфт: аз барои Худо ва Худои гузаштагони худ бигӯ, ки оё ту фиристодаи Худованд ба тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз бихонем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр намудааст, ки ин моҳ (моҳи рамазонро)-ро рӯза бигирем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, ки оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақиронамон тақсим кунем? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба ончи ту овардаи имон овардам ва ман намояндаи қавми худ ҳастам, ман Зимом ибни Саълаба, бародари банӣ Саъд ибни Бакр ҳастам.
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands اردو Español Bahasa Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা Türkçe Bosanski සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa മലയാളം తెలుగు Kiswahili ไทย پښتو অসমীয়া Shqip دری Ελληνικά Български Fulfulde Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda Српски O‘zbek नेपाली Moore Kurdî Wolof Soomaali Français Oromoo Azərbaycan Tagalog Українська தமிழ் bm Deutsch ქართული Português Македонски Magyar Lingala Русскийالشرح
Анас ибни Молик (Худованд аз ӯ розӣ бод) хабар медиҳад, ки саҳобагон бо Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар масҷид нишаста буданд, марде савор бар шутур даромада шутури худро шинонд ва дар ҷое баст, ва аз онҳо пурсид: кадоме аз шумо Муҳаммад аст? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), миёни қавм такя зада нишаста буд, гуфтем: ин марди сафедпӯст, ки такя задааст Муҳаммад аст. Он мард ба Паёмбари Худо гуфт: эй фарзанди Абдулмутталиб! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Туро мешунавам, бипурс ва ман посухат мегӯям". Мард ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: ман аз ту мепурсам ва ман дар тарзи пурсишҳои худ сахтгир ҳастам, бинобар ин аз ман малол набошед. Яъне: аз ман дилтанг нашавед ва ғазаб накунед. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Ҳар чизе мехоҳӣ бипурс. Гуфт: туро ба хотири Парвардигорат ва Парвардигори пешиниёнат мепурсам, ки оё ту фиристодаи Худо ба сӯи тамоми мардумон ҳастӣ? Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бинобар тасдиқ бар гуфтори худ фармуд: "Бор Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки дар як шабонарӯз панҷ вақт намоз хонем? Яъне ҳамон намозҳои панҷгона. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр кардааст, ки ин моҳро рӯза бидорем? Яъне моҳи рамазонро. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Мард гуфт: Ба хотири Аллоҳ аз ту мепурсам, оё Аллоҳ туро амр фармудааст, ки садақаро аз сарватмандони худ гирифта ба фақирон тақсим кунем? Яъне закотро. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Боро Илоҳо, бале". Сипас Зимом ислом пазируфта ба Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт, ки қавми худро ба ин дин даъват мекунад. Сипас худро муаррифӣ намуд, ки ӯ Зимом ибни Саълаба аз бани Саъд ибни Бакр аст.فوائد الحديث
Дар инҷо тавозуъ ва хоксории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ошкор мешавад, ки он мард натавонист Паёмбари Худоро дар миёни асҳобаш бишносад.
Ҳамин гуна аз ин моҷаро рафтори нек ва нармрафтории Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар баробари саволдиҳанда ошкор мешавад, ва аз инҷо бармеояд, ки посухи нек аз сабабҳои пазируфтани даъват аст.
Муаррифӣ кардани шахс бо сифатҳое ҳамчун: сафедпӯст, гармрӯй, баланд, паст ва ғайра, ки ҳадаф аз он айбгирӣ набошад ва барои худи он шахс нописанд наояд, ҷоиз аст.
Дохил шудани кофир аз руи зарурат ба масҷид ҷоиз аст.
Дар ин ҳадиси мазкур ҳаҷ зикр нашудааст, чун эҳтимол дорад ҳануз он вақт ҳаҷ фарз нашуда буд.
Аз ривоят мазкур бармеояд, ки саҳобагони муштоқи даъвати мардум ба ин дин буданд, зеро ӯ чун ислом пазируфт ҳамзамон ба фикри даъвати қавми худ ба ин дин шуд.