Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: пас иҷобат кун

Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: пас иҷобат кун

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Марди нобиное назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ман роҳнамо надорам то манро ба масҷид бирасонад ва аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) иҷоза хост то намозашро дар хона гузорад, Паёмбари Худо ба ӯ иҷоза дод, ва чун хост биравад ӯро нидо кард ва гуфт: "Оё нидои намоз (азон)-ро мешунавӣ?" Гуфт: Бале. Паёмбари Худо фармуд: пас иҷобат кун".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Марди нобиное назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: эй Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) касе надорам маро дар намозҳои панҷгона ба масҷид барад ва ӯ мехост Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро иҷозат диҳад то намозҳоро дар хона гузорад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чун ӯро иҷозат дод ва мехост аз онҷо мунсариф шавад, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро садо кард ва гуфт: оё азонро мешунавӣ? Гуфт бале. Фармуданд: Пас нидои ба сӯи намоз (азон)-ро иҷобат кун.

فوائد الحديث

Намози ҷамоат воҷиб аст ва рухсат танҳо барои чизҳои бисёр лозим ва изтирорӣ буда метавонад.

Фармудаи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) "Иҷобат кун" далолат ба вуҷуби намози ҷамоат барои касоне дорад, ки азонро мешунаванд, зеро асос дар амр воҷиб аст.

التصنيفات

Фазилати намози ҷамоат ва аҳкоми он