إعدادات العرض
Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда…
Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки чизеро ба Ӯ шарик наёварда бошад, ба биҳишт ворид мешавад, ва ҳаркӣ дар ҳоле ба дидори Аллоҳ биравад, ки ба Ӯ ширк оварда бошад, ба дӯзах ворид мешавад".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Русский Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Soomaali Українська bm km rn ქართული Македонски Српски Lingalaالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огоҳ фармудааст, ки ҳар касе дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ чизеро шарик наоварда бошад, ҷойгоҳаш биҳишт аст, агарчи барои бархе аз гуноҳонаш азоб хоҳад дид. Аммо касе дар ҳоле бимирад, ки ба Аллоҳ ширк оварда бошад, ҷойгоҳаш ҷовидонӣ дар дӯзах аст.فوائد الحديث
Фазилати тавҳид ва инки он сабаби раҳоӣ аз ҷовидон мондан дар дӯзах аст.
Андоза миёни банда ва ҷаннату дӯзах чизе ҷуз марг нест.
Ҳӯшдор аз ширк -чи хурд бошад ва чи бузург- зеро роҳи наҷот аз дӯзах дурӣ ҷустан аз ширк аст.
Ончи дар аъмол муътабар аст, хотима ва анҷоми он аст.