إعدادات العرض
На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад
На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад
Аз Абусаъиди Худрӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "На ба худ ва на ба дигарон зиён нарасонед, касе зиён бирасонад Аллоҳ ба ӯ зиён мерасонад ва касе машаққат бирасонад Аллоҳ ба ӯ машаққатро раво дорад".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español Français Bahasa Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili فارسی தமிழ் မြန်မာ Русский Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Malagasy Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული bm lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён намуданд, ки ҷилавгирӣ аз осеб ва зуҳуроти он ба худ ва бар дигарон лозим аст, ва барои касе ҷоиз нест бар худ ва на бар дигарон зарар бирасонад. Ҷоиз нест посухи зарар бо зарар бошад, зеро зарар бо расонидани зарар бартараф намешавад, магар аз роҳи қасос ва бидуни таъадӣ. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён доштанд, ки касе ба мардум зарар мерасонад зарар хоҳад дид, ва касе машақат бар мардум меорад машақат хоҳад дид.فوائد الحديث
Наҳй аз муҷозоте ки бештар аз ҳад (-и шаръӣ) бошад.
Худованд бандагонро ба чизе, ки бар зиёни онҳо тамом мешавад, амр нафармудааст.
Зарар расонидан бар худ ва бар дигарон, бо забон бошад ва ё амал, ҳаром аст.
Муҷозот аз ҷинси амал аст, ҳар кӣ зиён расонад Худованд ба ӯ зиён мерасонад ва ҳар кӣ душворӣ ба мардум орад Худо бар ӯ душворӣ меорад.
Яке аз қоидаҳои шариъат ин аст, ки "Зарар бартараф карда мешавад". Шариат зарарро қабул надорад, ва зарар расонидан бар дигаронро инкор мекунад.
التصنيفات
Қоидаҳои фиқҳӣ ва усулӣ