إعدادات العرض
Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд
Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд
Аз Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: " Мурдагонро носазо нагӯед, зеро онҳо ба сазои аъмолашон расидаанд".
[صحيح] [رواه البخاري]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල தமிழ் ไทย دری Fulfulde Magyar ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan ქართული lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳукми дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон ва таън бар обрӯйи ононро баён фармуда ин амалро берун аз ахлоқи мусалмон донистаанд, зеро онон ба натиҷаи аъмоли худ - чи хуб буд ва ё бад - расидаанд ва бадгӯӣ ба онон намерасад балки он танҳо як озор ба зиндагон аст.فوائد الحديث
Ин ҳадис далел бар ҳаром будани дашном ва носазо гуфтан ба мурдагон аст.
Тарк ва худдорӣ аз дашном ба мурдагон барои дар назар гирифтани зиндагон ва ҳифзи ҷомеа аз душманӣ ва кинаварзӣ аст.
Ҳикмати наҳй аз дашном ба мурдагон ин аст, ки онҳо ба натиҷаи аъмолашон расидаанд ва дигар дашном додан ба онон суд нахоҳад бахшид, балки сабаби озори наздикони онҳо ки зинда ҳастанд, мегардад.
Инсон набояд ончи дар он манфиат набошад ба забон орад.