Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд

Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд

Аз Абубакра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Вақте ду мусалмони шамшер ба даст дар муқобили ҳам қарор мегиранд, қотил ва мақтул (ҳарду) дар дӯзах ҳастанд". Гуфтам: Эй Расули Худо ин қотил аст, аммо гуноҳи мақтул чист? Фармуданд: "Ӯ низ мехост ҷониби муқобилро бикушад".

[صحيح] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки агар ду мусалмон шамшер ба даст дар муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд ва ҳар як қасди куштани дигарро дошт, пас қотил ба сабаби куштани ҳариф дар оташи дӯзах аст. Саҳобагон бо тааҷҷуб аз сабаби дохил шудани шахси кушташуда ба дӯзах пурсиданд, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар доданд, ки ӯ низ аз аҳли дӯзах аст, зеро ӯ ҳам қасди куштани ҳарифашро дошт, магар инки ҷониби муқобил сабқат намуда ӯро кушт.

فوائد الحديث

Касе қасди анҷоми гуноҳе дар қалби худ дорад ва барои анҷоми он дастбакор шуд (агарчи муваффақ ба анҷом додани он ҳам нашавад) сазовори ҷазо аст.

Ҳӯшдори шадид аз ҷанг бо мусалмонон ва ваъдаи дӯзах барое касоне, ки даст ба ин амал мезананд.

Аммо агар ҷанг бо гурӯҳе аз саркашон ва фасодкорони ин уммат бошад, пас шомили ваъдаи мазкур намегардад.

Ба касе, ки гуноҳи кабира анҷом медиҳад, кофир гуфта намешавад, зеро Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ду нафари дар ҳоли ҷанг бо ҳамдигарро мусалмон номидааст.

Агар ду мусалмон бо ҳар навъ силоҳ ва ё василаи дигар дар муқобили ҳам қарор бигиранд ва яке дигариро бикушад, қотил ва мақтул ҳарду сазовори дӯзах ҳастанд. Зикр шудани шамшер дар ҳадиси мазкур барои мисол аст.

التصنيفات

Амалҳои дил, Накуҳиши гуноҳон